БАТР рушди ММД Тоҷикистонро дар солҳои 2023-2024 пешгӯӣ мекунад

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Рушди иқтисоди Осиёи Марказӣ ба андозаи 5,2% дар соли 2023 ва 5,4% — дар соли 2024 пешгӯӣ мешавад.

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) рушди иқтисоди Осиёи Марказиро ба андозаи 5,2% дар соли 2023 ва 5,4% — дар соли 2024 пешгӯӣ мекунад, ки баландтарин нишондиҳандаи афзоиш миёни минтақаҳои фаъолияти бонк аст.

Дар ин бора дар гузориши БАТР “Дурнамоҳои минтақавии иқтисодӣ” сухан меравад. Санад имрӯз, 16 май нашр шудааст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон идома ёфта, дар соли 2023 ба 7,5% мерасад. Ҳамин гуна сатҳи афзоиш дар соли 2024 низ пешгӯӣ шудааст.

«Ба ин мизони нисбатан пасти таваррум, афзоиши талаботи Русия ба қувваи корӣ аз Тоҷикистон, боз шудани бозор (кушодани марзҳо пас аз коронавирус)-и Чин ва рушди фаъоли инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиётӣ мусоидат мекунад», — омадааст дар санад.

Аммо тавре муаллифони гузориш зикр мекунанд, хатарҳое вуҷуд доранд, ки метавонанд ба рушди иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонанд.

«Бад шудани шароити берунии марбут ба авзоъ дар Афғонистон ва ҷанг миёни Русияву Украина ва ҳамчунин мавҷудияти баъзе мушкилот дар зерсохтор, ки дар тиҷорат монеаҳо эҷод мекунанд, омилҳои муҳими хатар мебошанд», — зикр мешавад дар гузориш.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

«Душанбе Сити» ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...