Сафири Афғонистон: “Изҳороти Ҳикматёр нишони заифии ӯст”

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон изҳороти охири Гулбиддин Ҳикматёр, як сиёсатмадори ҷанҷолии Афғонистонро нишони заифии ӯ маънидод кард ва гуфт, ҳарфҳои ӯро набояд ҷиддӣ гирифт.

Ӯ дар поёни ҳамоише дар Душанбе дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Гулбиддин Ҳиматёрро як фарди шикастхӯрда ва маризи қудрат унвон кард.

— Так-таки мардуми Афғонистон ӯро мешиносанд. Ӯ маризи қудрат аст. То дирӯз аз афкори толибонӣ ҳимоят мекард, баъд дар паҳлӯи Қаҳрамони миллии Афғонистон (Аҳмадшоҳ Масъуд дар назар аст-муаллиф) ба унвони садри аъзам омад. Вақте, ки Кобулро тарк кардем, бо мо Тахор омад, аз Тахор дар Бағлон ва баъд ба Эрон рафт. Вақте як инсони ғайримасъул роҷеъ ба як кишвар қазоват мекунад, заифии ӯро нишон медиҳад, -гуфт Зоҳири Ағбар.

Ба таъкиди номбурда, мардум ва роҳбарияти Тоҷикистон Ҳикматёрро ба тамоми маъно мешиносанд ва суханони ӯро ҷиддӣ намегиранд.

Вай афзуд, ки “ҳамин Ҳикматёр буд, ки то дирӯз, фатвои ҷиҳода дар баробари амрикоиҳо медод, ба амрикоиҳо таслим шуд, ҳоло омада, як фатвои дигарро унвон мекунад. Сари иддаоҳои ӯ ҳеҷ тафсира накунед”.

Сафири Афғонистон мегӯяд аз сабаби он ки ӯ дигар ҳеҷ василае ба хотири матраҳ шудан надорад, чунин иддаоҳоро пахш мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон, дар намози ҷумъаи 6-уми май дар Кобул Тоҷикистонро барои пуштибонӣ ва ҷой додани роҳбарони Ҷабҳаи муқовимат дар хоки худ интиқод кард. Ӯ Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро мухолифини мусаллаҳи давлат ном бурд.

Вай гуфт, ин ба он маъно аст, ки Тоҷикистон бо Афғонистони ҳамсояааш ҷанг эълон кардааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон бо "Толибон" эълони ҷанг кард ё "Толибон" бо Тоҷикистон? Вокунишҳо ба изҳороти Ҳикматёр

Ҳикматёр ҳамчунин, Тоҷикистонро ба он гунаҳкор кардаст, ки ба ихтиёри мухолифини ҳукумати Толибон пойгоҳҳо гузоштааст, то онҳо омӯзиш гирифта, мусаллаҳ шаванд.

Ин изҳороти Ҳикматёр дар ҳолест, ки то кунун ҳеч гоҳе аз раҳбарони ин ҷабҳа, на Аҳмади Масъуд ва дигар чеҳраҳои он, аз ҷумла Амрулло Солеҳ, муовини пешини Ашраф Ғанӣ нагуфтаанд, ки дар Тоҷикистон қарор доранд.

Бархе коршиносони тоҷик мегӯянд, Гулбиддин Ҳикматёр сухангӯи ғайрирасмии ҳукумати “Толибон” аст ва ӯ ин суханонро на аз пеши худ, балки бо мувофиқа бо роҳбарияти имрӯзаи Афғонистон гуфтааст. Аз ин зовия онҳо таъкид мекунанд, ки изҳороти ӯ бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

«Душанбе Сити» ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...