Агентии обуҳавошиносӣ: Чангу ғубор дар Тоҷикистон то 10 июл боқӣ мемонад

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 8 июл дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ғарби ВМКБ чангу ғубор боқӣ мемонад.

Қобили зикр аст, ки аз охири ҳафтаи гузашта фазои шаҳри Душанберо тадриҷан чангу ғубор фаро гирифт ва обуҳавошиносон пешгӯӣ карда буданд, ки он то рӯзи чоршанбе боқӣ мемонад.

Ҳарорат давоми ин рӯзҳо дар кишвар дар сатҳи 35-40 дараҷа гарм мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои бе осеб ба саломатӣ гузаронидани ин рӯзҳои пурчангу ғубор чунин тавсияҳо медиҳад:

— Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бар асари тӯфони чангу ғубор ҳаво дар Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?

— Бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

— То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред;

— Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.
Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

— дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

— ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;

— агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон дар ин гуна рӯзҳои пурчанг тавсия медиҳад, ки суръати ҳаракат дар роҳҳо, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳҳӣ, саҳроҳои доманфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

«Душанбе Сити» ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...