Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия ба 50,2 ҳазор нафар расид

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Бар асари як силсила заминларзаҳо дар Туркия 44 ҳазору 374 нафар ҳалок шуданд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии TRT Haber бо истинод ба Раёсати мубориза бо офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода (AFAD).

“То ин дам қариб 10 ҳазор таконҳои пас аз заминларза (афтершокҳо) рух доданд. Корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар Туркия қариб дар 21 ҳазор бино ба охир расида, айни замон 8 ҳазору 182 корманди хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷот ба кор дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона ҷалб шудаанд”, — иброз доштаааст роҳбари AFAD Юнус Сезер.

Ба гуфтаи вай, дар минтақа 287 шаҳракҳои хаймаҳо ташкил шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Оқибатҳои заминларза дар Туркия

Теъдоди умумии қурбониёни заминҷунбӣ дар Сурия бо шумули ҳалокшудагон дар минтақаҳои ошӯбгарон ва ноҳияҳои таҳти назорати ҳукумат ба 5 ҳазору 914 нафар расид, менависад France24.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Оғози тафтишот дар Туркия нисбати 600 нафар пас аз заминларза

Ҳукумати Туркия хабар дод, ки дар робита ба фурӯ рафтани бинову иншоот бар асари заминларза нисбати 612 нафар тафтишот роҳандозӣ шуда, 182 нафар бо шумули паймонкорони сохтмон, моликон ва мудирони бинову иншоот гумонбар дониста мешаванд ва то қарори суд ба ҳабс гирифта шудаанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бисёре аз бинову иншоотҳое, ки пас аз заминларза фурӯ рехтаанд, эҳтимолан бо истифода аз масолеҳи сохтмонии пастсифат ва ба меъёрҳои давлатӣ ҷавобгӯнабуда сохта шудаанд.

Заминларзаи мудҳиш дар Туркия ва Сурия рӯзи 6 феврал рух дод. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон онро харобиовартарин дар таърихи кишвар номид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

«Душанбе Сити» ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...