Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон омад

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Имрӯз, 10-уми май, Сардор Бердимуҳамадов, Президенти Туркманистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад.

Дарн ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Маросими истиқболи расмии меҳмон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

“Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор шуда, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт”, — менависад ин расона.

Ҳамчунин тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори ташрифи Президенти Туркманистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Таъкид мегардад, ки дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

«Душанбе Сити» ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...