Боз як навъи электромобилҳои нав дар Тоҷикистон. 10 сомонӣ захираи барқ барои 410 километр

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Ширкати "Як таксӣ" 20 адад мошини барқӣ (электромобилҳо)-и «BYD E2»-ро вориди кишвар кард. Онҳоро метавон ҳам барои таксӣ ва ҳам барои истифодаи шахсӣ харидорӣ кард.

“Як таксӣ” дистрибютори расмии BYD дар Тоҷикистон эътироф шудааст.

«Батареяҳои ин модел кафолати якумрӣ доранд. Чунин сифат дигар дар ягон ширкати мо набуд. Ғайр аз ин, ширкати маъруфи “Тесла” дар моделҳои ахири электромобилҳои худ батттареяҳои ширкати BYD E2»-ро истифода мекунад”, — мегӯяд намояндаи “Як таксӣ” Баҳриддин Шоев.

BYD E2 дорои батареяи 47 киловатт-соата буда, метавонад бо як захира тақрибан 410 километр масофаро тай кунад. Мошинро метавон дар хона аз розеткаи одии дорои ноқили заминӣ пур кард. Барои захираи пурраи барқ тақрибан 6 соат вақт лозим аст. Арзиши он қариб 10 сомонӣ мешавад. Яъне бо барқи арзишаш 10 сомонӣ метавон аз Душанбе то Хуҷанду Исфара сафар кард.

Ба гуфтаи Шоев, ҳамчунин “Як таксӣ” тасмим гирифтааст, дар саросари кишвар шабакаи нуқтаҳои пуркунии захираи барқ васл кунад. Ин нахустин чунин иқдом дар Тоҷикистон аст. Ҳоло ҷойгиршавии 10 нуқтаи он дар Душанбе мувофиқа мешавад.

“Дар худуди худи корхона нуқтаи якум аллакай гузошта шуд. Он метавонад ду мошинро дар як вақт барқ диҳад, — мегӯяд намояндаи “Як таксӣ” Баҳриддин Шоев. — Автомобилҳои батареяашон аз 30 то 47 киловатт дар 40-45 дақиқа ва батареяашон аз 40 то 87 киловатт — дар 1,5 соат захира гирифта, бо ин захира автомашина метавонад то 600-700 километр масофаро тай кунад”.

МЕДИА (YOUTUBE)

Батареяи зарфияташ 30-47 киловатт дар нуқтаҳои зудпуркунанда 20-30 сомонӣ ва батареяҳои зарфияташон бештар — 40-45 сомонӣ арзиш доранд.

Тақрибан шаш моҳ пеш ширкати “Як таксӣ” аввалин шуда ба кишвар электромобилҳои  Volkswagen E-Lavida-ро бо захираи равуо ба масофаи 300 километр ворид кард. Соҳибони он мегӯянд, мошин хуб аст.

“Қариб шаш моҳ мешавад, ки ин мошинро меронам — мошини хубест,- мегӯяд ронандаи таксии Volkswagen E-Lavida Суҳроб Саидов. — Чанде пеш ба Варзобу Сафеддара сафар доштам, худро хеле хуб нишон дода, бе ягон мушкилӣ рафту омад. Бо он ба Бохтар ҳам рафта, ин ҷо низ ягон душворие пеш наомад. Бо як захира 300 километр масофаро тай мекунад. Барои пур кардани захира бошад, ҳамагӣ 40 дақиқа вақт меравад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

BYD E2 ҳудуди 22 ҳазор ва Volkswagen E-Lavida — 21 ҳазор доллар арзиш доранд.

Электромобилҳо ва нуқтаҳои пур кардани захираи барқ бахше аз ташаббуси “ЭКО-Шаҳр”-и ширкати “Як таксӣ” мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

«Душанбе Сити» ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...