Осорхонаи маҷмааи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ боз мешавад

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Пас аз таъмиру навсозӣ маҷмааи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт дарҳои худро барои тамошобинон боз мекунад.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Носирҷон Абатов, намояндаи ширкати ҶДММ “Меъмор ва Сохтмон, ки масъули корҳои таъмиру таҷдиди иншооти мазкур аст, хабар дод.

“Пас аз анҷоми корҳо осорхона барои тамошо боз шуда, дар он тамоми ашёи марбут ба аввалин амири давлати Сомониён — Исмоили Сомонӣ гирдоварӣ хоҳад шуд”, — иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон корҳои таъмиру навсозии қубурҳои обгузар ва низоми ҳавокаш дар дохили осорхона ба анҷом расида, корҳо дар атрофи осорхона идома доранд.

ГАЛЛЕРЕЯ (16)
















Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, осорхона соли 1999 — замони ифтитоҳи маҷмааи муҷассама таъсис дода шудааст. Экспонати асосии он нусхаи мақбараи Сомонӣ дар Бухоро маҳсуб меёбад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Оғози таъмири ҳайкали “Исмоили Сомонӣ” дар Душанбе

Аммо баъди ифтитоҳи муҷассама осорхона каме кор карда, сипас тамоман баста шуд ва тӯли ин солҳо кор намекард.

Сабаби кор накардани онро давоми ин солҳо на дар Вазорати фарҳанг ва на дар шаҳрдории пойтахт шарҳ надоданд.

Нақшаи тармим аз ҷониби ширкати “Саноатсоз” лоиҳакашӣ шуда, таъмири онро ҶСК “Меъмор ва сохтмон” ба уҳда гирифтааст. Интизор меравад, ки таъмир дар муҷассама то охири моҳи марти соли 2023 давом ёбад.

Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ соли 1999 ба муносибати таҷлили 1100-солагии ҷашни давлати Сомониён дар қисмати марказии Душанбе — майдони “Дӯстӣ” боз шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Баландии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ — 13 метр аст ва он аз фулузоти биринҷӣ сохта шудааст. Муҷтамаи бошукуҳро Арки бузург аз сталактит, дар болои он тоҷи тилоӣ (диаметраш 5 метр) оро медиҳад. Баландии иншоот аз сатҳи майдон 43 м аст. Аз ду ҷониби муҷассама тасвири шерҳои биринҷӣ, рамзи устувории давлат ва кафили сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар гузошта шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

В Душанбе открыли новый офис Dushanbe City Bank

Для удобства своих посетителей Dushanbe City Bank открыл новый офис...

В России открылся филиал пункта приёма «Почтаи Аср»

Несмотря на то, что почтово-курьерская служба «Почтаи Аср» появилась...

«Formula55» стала титульным спонсором футбольного клуба «Хосилот»

Первая национальная букмекерская компания "Formula55" стала титульным спонсором футбольного...
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...