«Макони пур аз меҳр». Дар Хуҷанд барои фурӯши дастранҷи шахсони имконияташон маҳдуд мағоза мекушоянд

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 3-юми декабр Рӯзи байналмилалии шахсони имконияташон маҳдуд таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат, 1-уми декабр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд намоиш ва фурӯши дастранҷи маъюбон ташкил карда шуд. Дар ин намоиш, шахсони дорои имконияти маҳдуд, тавонистанд маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба намоиш гузоранд ва бо харидорон рӯбӣрӯ мулоқот намоянд.

Рамзиддин Ҷӯраев, раиси ҷамъияти шахсони имконияташон маҳдуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва яке аз масъулини баргузории ин намоиш мегӯяд, ки “дар байни ин қишри ҷомеа нафарони ҳунарманд зиёданд ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо сифати хуб доранд”.

“Мутассифона, аҳолии кишвар аз маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин қишри ҷомеа огоҳии зиёд надоранд, аз ин лиҳоз, доираи мушаххаси огоҳ дастранҷи шахсони имконияташон маҳдудро харидорӣ мекунанд”, — мегӯяд Рамзиддин Ҷӯраев.

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, шахсони имконияташон маҳдуд дар ин минтақа ба зиндагӣ хушбинанд ва барои зиндагии шоиста талош мекунанд.

“Шахсони имконияташон маҳдуд қолабҳои шахшударо шикаста, ба истеҳсоли маҳсулоти хеле босифар машғуланд. Дар байни онҳо заргар, кӯрпадӯз, юрмадӯз ва соҳибкасбони дигар зиёданд. Ҳадафи аслии мо ҳам аз ташкили ин намоиш, барқарор намудани робита байни истеҳсолкунанда ва харидор аст”,- мегӯяд Рамзиддин Ҷӯраев.

Муҳайёхон Аскарова, яке аз нафароне аз шаҳри Исфара аст, ки дар ин намоиш дастранҷи худро муаррифӣ намуд. Ӯ нобино буда, як фарзандашро танҳо тарбия мекунад ва дар ин баробар, аз матоъҳои боқимондаи пардаву дастархон ҳар гуна ашёҳо месозад.

“370 сомонӣ нафақа мегирам, аммо барои ба таври шоиста пеш бурдани зиндагии худ ва фарзандам талбандагӣ намекунам, ягон касро интизор шуда наменишинам, ки ба ман чизе диҳад. Меҳнат карда, зиндагиямро пеш мебарам”, — мегӯяд Муҳайёхон Аксарова.

Роҳбари ҷамъияти нобиноёни шаҳри Исфара Оқилхӯҷа Атохонов мегӯяд, ки дар ҷамъияти онҳо 213 нафар аъзо ҳастанд.

“Аксари аъзоёни ҷамъияти мо соҳибҳунаранд, аммо қобилияти кориашон маҳдуд аст. Аз ин лиҳоз, мо онҳоро бо корҳои сабук таъмин мекунем. Онҳо болишт, кӯрпа, рӯйкашҳо барои беморхона, боғчаҳо ва хобгоҳҳои донишгоҳҳо омода мекунанд”, — мегӯяд Оқилхӯҷа Атохонов.

Мамадқулова Нисо, иштирокчии дигари ин намоиш аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки аз коғази қанд барои зебо намудани пардаҳои хона ороишот сохтааст. Ӯ ҳамчунин бофандагӣ ҳам мекунад ва ҳар гуна фармоиш қабун менамояд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нисо Мамадқулова

“Намехоҳам дар хона бекор нишинам. Ба бофандагӣ шавқ дорам. Боз фикр карда, ҳар гуна ашёҳо месозам. Фикр мекунам, агар аз самими қалб сохта шавад, ба дигарон ҳам писанд меояд”, — мегӯяд Нисо Мамадқулова.

Ташкили чунин намоиш, бар замми он, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи шахсони имконияташон маҳдудро ба ҷомеа муаррифӣ мекунад, ҳамчунин, ба онҳо умед мебахшад ва онҳоро рӯҳбаланд месозад.

Ин нуктаро роҳбари ташкилоти “Умед барои ҷомеа” Шералӣ Турсунов низ махсус зикр карда, мегӯяд: “Бо воситаи ин чорабини мо имконият фароҳам меорем, ки шахсони имконияташон маҳдуд аз ҳамдигар омӯзанд ва кори ҳамдигарро дида, рӯҳбаланд шаванд. Мехоҳем нишон диҳем, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо қадр доранд, арзиш доранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шералӣ Турсунов

Дар поёни ин намоиш, Рамзиддин Ҷӯраев, раиси ҷамъияти маъюбони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рамзиддин гуфт, ки ҳадаф доранд, бо дастгирии ҳукумати вилоят дар оянда мағозаи махсусе барои фурӯши маҳсулоти истеҳсолнамудаи шахсони имконияташон маҳдуд ташкил намоянд. Дар ин мағоза танҳо он маҳсулоте ба фурӯш гузошта мешавад, ки шахсони имконияташон маҳдуд истеҳсол кардаанд.

Боиси зикр аст, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 80 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат карда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба намоиш гузоштанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло дар вилоят беш аз 94 ҳазор нафар шахсони имконияташон маҳдуд ба қайд гирифта шудаанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (21)





















Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

В Душанбе открыли новый офис Dushanbe City Bank

Для удобства своих посетителей Dushanbe City Bank открыл новый офис...

В России открылся филиал пункта приёма «Почтаи Аср»

Несмотря на то, что почтово-курьерская служба «Почтаи Аср» появилась...

«Formula55» стала титульным спонсором футбольного клуба «Хосилот»

Первая национальная букмекерская компания "Formula55" стала титульным спонсором футбольного...
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...