Дар намоишгоҳи “Китоби Душанбе” беш аз 4 ҳазор китоб ба намоиш гузошта мешавад

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Дар намоишгоҳи даҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе”, ки субҳи имрӯз, 14-уми декабр, дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оғоз гардид, зиёда аз 4 ҳазор номгӯ китоб аз 8 ношири кишварҳои хориҷӣ ва 30 ношири дохилӣ ба намоиш гузошта шуд.

Гуфта мешавад, ки дар маросими кушодавшавии намоиш Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, корпусҳои дипломатии муқими кишвар, аҳли фарҳангу адаб, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ширкат карданд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар намоишгоҳ ноширон аз Эрон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ширкат доштанд.

“Ҳамчунин, ноширони дохилӣ, ба мисли Муассисаи нашриявии “Маориф”, “Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик”, Нашриёти муосир, “Ирфон”, “Адиб”, “ЭР-Граф”, “Тиб”, КВД “Комбинати полиграфии Душанбе”, КВД “Шарқи озод”, КВД “Қонуният”, “Матбааи Донишгоҳи милли Тоҷикистон”, “Матбааи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ”, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, “Олами китоб”, Адабиёти бачагона, ҶДММ “Бебок”, ҶДММ, “Торус”, ҶДММ “Офсет”, КВДТС “Китоб” ва дигар нашриётҳо китобҳои тозаэҷоди хешро манзури тамошобинон, аҳли фарҳангу адаб, дӯстдорони китоб гардониданд”, — гуфтааст манбаъ.

Зикр мегардад, ки меҳмонону иштирокчиён метавоананд аз намоиши китобҳои тозаэҷоди ноширони дохилию хориҷӣ дидан намуда, бо асарҳои адибони классику муосир, адабиёти бачагона, илмӣ, соҳавии кишварҳои иштирокчӣ ошноӣ пайдо кунанд.

Китобҳои намоишгоҳ мавзуъҳои гуногун доранд. Аз ҷумла, фарҳанги Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, таомпазӣ, дорусозӣ, буклетҳо, роҳнамоҳо, китобҳои бачагона, китобҳои дарсӣ ва ғ.

Китобҳо бо забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки намоиши мазкур то 16 декабри соли ҷорӣ идома дошта, хоҳишмандон, дӯстдорону ихлосмандони китоб метавонанд аз он дидан кунанд. Даромад ба намоишгоҳ озод аст.

Дар доираи чорабинӣ конфронси илмӣ ва семинарҳо низ пешбинӣ шудааст.

Намоишгоҳҳои байналмилалии китоб аз соли 2010 инҷониб баргузор гардида, яке аз бузургтарин чорабиниҳо дар кишвар ҳисобида мешавад.

ГАЛЛЕРЕЯ (8)








Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

В Душанбе открыли новый офис Dushanbe City Bank

Для удобства своих посетителей Dushanbe City Bank открыл новый офис...

В России открылся филиал пункта приёма «Почтаи Аср»

Несмотря на то, что почтово-курьерская служба «Почтаи Аср» появилась...

«Formula55» стала титульным спонсором футбольного клуба «Хосилот»

Первая национальная букмекерская компания "Formula55" стала титульным спонсором футбольного...
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...