Суруд ва сарояндаҳои беҳтарини сол — Tarona Music Award-2022

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Рӯзи 17 декабр дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт рӯйдоди деринтизори мусиқии сол — Tarona Music Award — 2022 (Ҷоизаи мусиқии Тарона — 2022) баргузор гардид. Тамошобинон аз таронаҳои писандидатарин (хитҳо)-и тоҷикии соли гузашта баҳра бурда, сарояндаҳо барои комёбиҳои эҷодии худ ҳайкалчаҳо (статуэтка)-и ҷолиб гирифтанд.

Tarona Music Award бо пайраҳаи сурх, ситораҳои эстрада ва мухлисону ҳаводорон натиҷаи арзандаи соли гузашта гардид. Меҳмононе, ки рӯзи шанбеи гузашта омада буданд, тавонистанд сарояндаҳои дӯстдоштаи худро ба таври зинда бубинанд, бо онҳо селфи кунанд ва аз ҳама муҳим, таронаҳои дӯстдоштаи худро бишнаванд.

ГАЛЛЕРЕЯ (48)
















































Дар толори консертӣ шонздаҳ нафар сарояндагон ҳунарнамоӣ карданд: Нигина Амонқулова, Ҷонибек Муродов,  гурӯҳи “Авесто”, Сафармуҳаммад ва Меҳрнигори Рустам, Мадина Ақназарова, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Мубориз Усмонов, Чоршанбе Аловатов, Зафар Абдуалимов.

ГАЛЛЕРЕЯ (36)




































Имсол бори нахуст ба гурӯҳи The Daze, Ҷаҳонгир Зарипов, Зулайхо Мамадшоева, сарояндагони ҷавон Фаррух Ҳасанов, Рустам Азимӣ ва Ёсамин Давлатова ҷоизаи Tarona Music Award тақдим шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (34)


































Соли равон Tarona Music Award ба 20-солагии Радиои “Азия-Плюс” — аввалин радиои мустақили Душанбе бахшида шуд. Радиои “Азия-Плюс” соли 2002 ба туфайли дастгирии бевоситаи президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт.

Ҷоизаи мусиқии радио — “Суруди сол”, ки бори нахуст дар толори кинову консертии “Кохи Борбад” доир гардид, аз ҷониби сарвари давлат дастгирӣ ёфт. Он замон президент ҳамроҳи аъзои ҳукумат шахсан ба маросим омада, ҳатто ҳамроҳи Сироҷиддин Фозилдов таронаи “Гӯшаи бом”-ро якҷоя сароиданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аз он замон вақти зиёде гузашту бисёр чизҳо тағйир ёфтанд… Аммо соли гузашта Радиои «Азия-Плюс» тасмим гирифт, ки ҷоизаи мусиқии худро бо номи нав – Tarona Music Award, ки анъанаҳои пуршарафи Суруди Солро идома дод, эҳё кунад. Соли дуюм аст, ки писандидатарин таронаҳои сарояндаҳои тоҷик барандаи ҷоиза шудаанд.

Яке аз барандагони аввалин ва доимии ҷоизаи мусиқии «Азия-Плюс» гурӯҳи «Авесто» аст. Рӯзи шанбеи гузашта дар «Tarona — 2022» овозхони гурӯҳ Таҳмина Рамазонова меҳру муҳаббати худро ба шунавандагонаш чунин баён кард:

“Аз иштирок дар ин маросими пуршукӯҳ хеле шодем. Барои мо муҳим аст, ки сурудҳои мо садо диҳанду зинда бошанд ва мухлисонамон онҳоро шунаванд! Ба Радиои «Азия-Плюс» ва тамоми ҳаводорони мусиқии эстрадӣ изҳори сипос мекунем. Зеро маҳз ба шарофати онҳо сурудҳои мо зиндаанд ва мо дар ин саҳна ҳунарнамоӣ мекунем!”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Меҳмони махсуси маросими "Тарона-2022" Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, устод Ҷӯрабек Муродов буд, ки рӯзи 24 декабр 80-сола мешавад. Таҳти кафкӯбиҳои толор ба ӯ барои саҳми барҷастааш дар рушди санъати мусиқии тоҷик ҷоизаи махсуси радиои «Азия-Плюс» супурда шуд. Тамошобинон аз ҷояшон хеста, ба Устод кафкӯбӣ карданд!

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Баргузории чунин маросими ҷолибу бузург бидуни дастгирии сарпарастон ғайриимкон аст. Шарики кулли Tarona Music Award – 2022 бренди Noorooz аст, ки аз ҷониби соҳибкори маъруф Наврӯз Усмонов таъсис ёфтааст. Оператори мобилии O Mobile, бонки пешрафта ва муваффақи кишвар — “Ориёнбонк”, корхонаи истеҳсолии “Сиёма”, ширктаи суғуртаи “Асри 21”, ширкати заргарии “Тоҷик Кристалл”, интернет-провайдери насли нав NETS, ширкати сармоягузории FIFTYFIVE Group ба сифати шарикони маросим саҳмгузорӣ карданд. Таъмини амнияти баргузории маросимро агентии Red Line бар дӯш дошт.

“Ман ҳамчун як ватандӯсти ҳақиқӣ ифтихор мекунам, ки дар кишвари мо чунин чорабиниҳо баргузор мешаванд, — гуфт зимни суханронӣ дар ин маросим асосгузори бренди Noorooz Наврӯз Усмонов. — Шодам, ки бо “Азия-Плюс” ҳамкорӣ дошта, дар ин маросим ба сиафати шарик саҳм мегузорем. Илова бар ин, он дар охири сол баргузор мешавад. Табъи болидаи сокинони шаҳр дар арафаи Соли нав хеле муҳим аст!”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Tarona Music Award анҷоми арзандаи соли мусиқии Тоҷикистон аст. Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дӯстон ва шарикони худро бо Соли нави 2023 табрику таҳният гуфта, барояшон сулҳу сафо, меҳру муҳаббат ва ободиву саодат орзу мекунем! Дар мавҷи 107FM (104,4 – дар Хуҷанд) моро гӯш кунед, дар ҳамаи платформаҳои рақамӣ ва газета пайгири хабарҳои мо бошед!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

В Душанбе открыли новый офис Dushanbe City Bank

Для удобства своих посетителей Dushanbe City Bank открыл новый офис...

В России открылся филиал пункта приёма «Почтаи Аср»

Несмотря на то, что почтово-курьерская служба «Почтаи Аср» появилась...

«Formula55» стала титульным спонсором футбольного клуба «Хосилот»

Первая национальная букмекерская компания "Formula55" стала титульным спонсором футбольного...
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...