Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард.

Намояндаи шаҳрдорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҷои дар маводи мо зикргардида барои васеъ намудани терминали Чорбоғ бо мақсади беҳтар намудани зеррасохтори нақлиётӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон ва меҳмонон ҷудо карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳрдорӣ зикр карданд, ки дар ҳоли ҳозир дар бораи макони нави боғи ҳайвонот маълумоти дақиқ мавҷуд нест.

Бобати дар назди терминали “Чорбоғ” сохта шудани боғи нави ҳайвонот ба “Азия-Плюс” коргароне, ки барои сохтмони иншоот ҷой омода мекунанд, хабар доданд.

“Айни замон дар ин ҷо корҳои омодасозии майдон, аз ҷумла сахту ҳамвор кардани замин идома доранд, — гуфт яке аз коргарон, ки нахост номаш ифшо шавад. — Мо дар бораи муҳлати анҷоми сохтмони иншоот ва нақшаҳои он хабар надорем. Ба мо танҳо супориш додаанд, ки майдонро барои сохтмон омода кунем ва гуфтаанд, ки дар ин ҷо боғи ҳайвонот сохта мешавад”.

Қобили зикр аст, ки хабарнигори «Азия-Плюс» зимни таҳияи матлаб чанд рӯз талош кард, ки аз шаҳрдории пойтахт маълумоти расмӣ дарёфт кунад. Ба ӯ маслиҳат доданд, ки ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт муроҷиат кунад. Дар он ҷо маълумотро на тасдиқ карданду на инкор.

Дар ҳамин ҳол, дар Сарраёсат ваъда доданд, ки баъдан мушаххас мекунанд, ки дар назди терминали “Чорбоғ” чӣ сохта мешавад — боғи ҳайвонот ё дигар иншоот ва ба мо хабар медиҳанд, лекин дигар ягон маълумот пешниҳод нашуд.

Дарёфти маълумот дар бораи сохтмони мавзеи нав дар боғи ҳайвоноти ҳозира дар Душанбе низ муяясар нашуд. Танҳо пас аз нашри матлаби “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе занг зада, хабар доданд, ки маълумот асоси воқеӣ надорад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

«Душанбе Сити» ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...