“Шабе дар Осорхона”. Имсол чиро метавон тамошо кард?

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Пагоҳ, 18-уми май, бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз соати 18:00 то 23:00 иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона”  баргузор мегардад.

Ба иттилои саҳифаи фейсбуки Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар доираи баргузории иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона” 24 маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ гузаронида мешавад.

Дар доираи ин иқдом дар осорхона нигораҳои “Шоҳзодаи Фархорӣ”, “Маликаи Сосониён — Бурондӯхт”, “Умари Хайём ва Абӯрайҳонӣ Берунӣ”, “Дарси устоду шогирд — хушнависӣ”, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, навозиши асбоби мусиқӣ, фалакхонӣ, ҳунарҳои чакандӯзӣ, шашмақомхонӣ ва оши палав ташкил ва манзури тамошобинон мегардад.

Ҳамчунин, намоиши ковишҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ, нақшу нигори гулҳо дар  дастони “Ҳино”, намоиши олами вуҳуш, инъикоси фаъолияти тармимӣ ва таҳқиқии Осорхонаи миллӣ, шоу-консерти сарояндагон ва шоу-маҳфили кӯдаконаи “Космо ленд” ташкил ва гузаронида мешавад.

Ба иловаи ин, дар ин шаб дар намои берунии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамзамон филми ҳуҷҷатии “Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон” намоиш дода мешавад.

Вуруд ба ин чорабинӣ ва тамошои он ройгон аст.

Маврид ба зикр аст, ки чорабинии “Шабе дар Осорхона” — иқдоми байналмилалӣ буда, ҳадафи он фароғати шаҳрвандон, нишон додани осорхона ҳамчун макони фарҳангӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад.

Ба фарқият аз солҳои гузашта, иқдомоти навбати “Шабе дар Осорхона” фарогири 30 чорабинии мӯҳташами фарҳангӣ буда, кумитаи тадорукот фароғати фарҳангии тамоми гуруҳҳои тамошобинон, хурдсолон, наврасон, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеъаро ба эътибор гирифтааст.

Барномаи фарҳангию фароғатии “Шабе дар осорхона” яке аз иқдомҳои байналмилали осорхонаҳои ҷаҳон буда, дар Тоҷикистон  баъди ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон он бори аввал  соли 2013  доир  шуда  буд.

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола 18 май  Рӯзи байналмилалии  осорхонаҳо  (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад ва аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

«Душанбе Сити» ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...