Пас аз афзоиши босуръат дар моҳи март болоравии нархҳо дар Тоҷикистон муътадил шуд

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Пас аз афзоиши босуръат дар моҳи март сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон ба сатҳи ду моҳи аввали имсол баргашт.

Бино ба маълумоти Агентии омори кишвар, моҳи гузашта нархҳои чакана 0,5% боло рафтанд. Аз ҷумла, маҳсулоти хӯрокворӣ 0,9%, маҳсулоти ғайриозуқа — 0,4% боло рафта, хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, баръакс — 0,2% поин рафтанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар муқоиса бо моҳҳои январ ва феврал ду баробар — 0,9% боло рафт. Дар ду моҳи пешина нархҳо мутаносибан ба андозаи 0,5% ва 0,4% зиёд шуда буданд.

Дар маҷмӯъ, дар зарфи 4 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар кишвар 2,3%-ро ташкил дод, ки 0,1 банди фоизӣ поинтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст.

Нархҳо ба маҳсулоти озуқаворӣ аз оғози сол ба андозаи 3,9%, маҳсулоти ғайриозуқа — 1,6% боло рафта, тарифҳо ба хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ба миқдори 0,4% коҳиш ёфтанд.

Ҳукумат сатҳи таваррумро барои соли 2023 ба мисли чанд соли ахир дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) нигоҳ доштан мехоҳад. Коршиносони Бонки авруосиёии рушд низ сатҳи таваррумро қариб дар ҳамин сатҳ пешгӯӣ мекунанд.

Соли 2022 нархҳои истеъмолӣ дар кишвар дар сатҳи рекордии паст — 4,2% боло рафтанд, ки 3,8 банди фоизӣ пасттар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2022 аст. Мутахассисони Хазинаи байнулмилалии асъор дар гузориши чанде қабли худ инро тариқи зайл шарҳ доданд: поинравии босуръати таваррум дар Тоҷикистон болоравии қурби пули миллӣ, сиёсати қатъии пуливу қарзӣ ва таъсири дигар тадбирҳо ба мисли озодшавии захираҳои стратегии хӯрокворӣ, коҳиши меъёри андоз ба арзиши иловашуда ба 3 банди фоизӣ ва сатҳи баланди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ифода мекунад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

«Душанбе Сити» ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...