Сарвари давлати Тоҷикистон ба намояндагони 40 ширкати Чин чиҳо пешниҳод кард?

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 май дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо намояндагони беш аз 40 ширкати бонуфузи сармоягузорӣ ва тиҷоратии ин кишвар дидору суҳбат кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки мулоқот ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳо ва мардумони кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон аз ибтидои соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳамкориву шарикӣ дар самти пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ тавассути муҳайё намудани шароити мусоид манфиатдор мебошад.

“Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди минбаъдаи соҳаҳои стратегӣ ва бахшҳои афзалиятнок, бахусус, энергетика, нақлиёт, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад”, — гуфт сарвари давлати Тоҷикистон.

“Қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 100 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст. Узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад”, — таъкид дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин имконият дод, ки соли гузашта ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол то 40 фоиз афзоиш ёбад.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ, тайи 10 соли охир аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 ммлрд доллар сармоя ворид гардидааст, ки беш аз 57 фоизи онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Намояндагони ширкатҳои тиҷоратии Чин дар навбати худ ба дастрас намудани энергия аз сарчашмаҳои барқароршаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва имконоти содироти неруи барқ ба Чин баррасӣ шуданд.

Ғайр аз ин, зимни мулоқот масъалаи саноатикунонӣ ва рушди саноат дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Тоҷирони Чин ба роҳандозии ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, аз ҷумла тариқи таъсиси корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Онҳо ҳамчунин ба рушди бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон манфиатдорӣ изҳор намуда, зикр карданд, ки дар шароити афзоиши талабот ба ғизо ва маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, Тоҷикистон имкон дорад, ки таъминкунандаи ин гуна маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори Чин гардад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

«Душанбе Сити» ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...