Дар Тоҷикистон ҷасади “террористон”-ро махфӣ гӯр мекунанд

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Ҳукумати Тоҷикистон бо судури ду қарор тартиби дафни ҷасади террористоне, ки дар рафти амалиёти зиддитеррористӣ кушта мешаванд ва тартиби барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки аз амали террористӣ зарар дидаанд, муайян кардааст.

Ин ду қарор рӯзи 28-уми апрели соли равон аз сӯи ҳукумат қабул ва дар Пойгоҳи иттилоотӣ-ҳуқуқии Вазорати адлия ҷойгир шудааст.

Аз ҷумла, дар қарор оид ба тартиби дафни ҷасади “террористон“ омадаст, ки “дар мавриди ҷойи дафн маълумот дода нахоҳад шуд” ва ҳамчунин, “интиқоли ҷасад ҳам ба макони дафн дар тобути сарпӯшида (гроб) сурат мегирад”.

Ҳамчунин, дар яке аз бандҳои он гуфта шудааст, ки мақомоти шаҳру ноҳияҳо ва созмонҳои масъули гӯручӯб ҷасади “террорист”-ҳои кушташударо дар ҷойи гуфтаи мақомоти тафтишотӣ дафн хоҳанд кард ва оид ба ҷойи дафн хабар дода намешавад.

“Тартиби мазкур ба шахсоне, ки нисбаташон таъқиби ҷиноятӣ бинобар фавти онҳо вобаста ба иштирок дар фаъолияти террористӣ, дар натиҷаи содир намудани амали террористӣ, инчунин дар сурати пешгирӣ намудани амали террористӣ қатъ карда шудааст, паҳн мегардад”, — омадааст дар яке аз банҳои қарори мазкур.

Дар мавриди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ кушта шудаанд, намояндагиҳои дипломатии кишварашон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон огоҳ карда хоҳанд шуд.

Тибқи қарори нав, дар дафтари сабт санаи таваллуд ва рақами қабр навишта мешавад, аммо ному насаби “террорист” сабт намегардад.

“Дар китоби бақайдгирӣ сол, моҳ ва санаи дафн, рақами қабр, санаи таваллуд ва марг, рақам, сана ва аз ҷониби кӣ маълумотномаи тиббӣ оид ба вафот дода шудааст, ном ва нишонии мақомот ё ташкилоте, ки бақайдгириро анҷом додааст, ворид карда мешавад. Насаб, ном, номи падари фавтида дар китоби бақайдгирӣ нишон дода намешавад”, — зикр мегардад дар қарор.

“Дар китоби бақайдгирӣ сол, моҳ ва санаи дафн, рақами қабр, санаи таваллуд ва марг, рақам, сана ва аз ҷониби кӣ маълумотномаи тиббӣ оид ба вафот дода шудааст, ном ва нишонии мақомот ё ташкилоте, ки бақайдгириро анҷом додааст, ворид карда мешавад. Насаб, ном, номи падари фавтида дар китоби бақайдгирӣ нишон дода намешавад”, — зикр мегардад дар қарор.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки ба хешовандони “террорист” нусхаи маълумотномаи тиббӣ оид ба вафоти аз ҷониби муассисаҳои экспертизаи судӣ-тиббӣ додашуда ва хулосаи судӣ-тиббии азназаргузаронии ҷасад супорида мешавад.

Дар банди охири ин қарор гуфта мешавад, ки дафни “террористон” аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда анҷом дода мешавад.

Қаблан мақомот оид ба безараргардонии террористон дар минтақаҳои гуногун дар натиҷаи амалиёти махсус хабар дода буданд. Вале маълум нест, ки ҷасади онҳоро ба наздикони кушташудаҳо доданд ва ё не.

Қарори дигар барқарорсозии ҷабрдидагон, пеш аз ҳама расондани ёрии ройгони ҳуқуқии зарурӣ, барқарорсозии тиббию равонӣ ва дигар хидматрасониҳоро дар бар мегирад.

Гуфта мешавад, ки он дар маҳалли содир шудани амали террористӣ ё дар ҷойи иқомати ҷабрдида аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ сурат мегирад.

Барои барқарорсозӣ, ҷабрдида ё хеши наздик (намояндаи қонунӣ), ки аз номи ӯ амал мекунад, бо пешниҳоди аризаи хаттӣ ва намуди барқарорсозии иҷтимоӣ, ба мақомоти ҳудудии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи муқовимат ба терроризм муроҷиат мекунад.

Баъди ин мақомоти масъул ба ариза посух дода, ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Тоҷикистон ва ёрии тиббӣ ва равонӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (табибон ва равоншиносон) расонида мешавад.

“Барои амалӣ намудани барқарорсозии тиббӣ ва равонӣ аз ҷониби мақомоти минтақавии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода мешавад”, — омадааст дар қарор.

Ҳамчунин, бо назардоштани эҳтиёҷот ба ҷабрдидагон тибқи хидматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ, ки дар асоси қарори ҳукумат аз 13-уми декабри соли 2012, №724 тасдиқ шудааст, расонда мешаванд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

«Душанбе Сити» ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...