Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан (ҳудуди 57 млн доллар) кумаки бебозгашт ҷудо мекунад, гуфта мешавад дар лоиҳаи созишномаи дахлдор дар ин бора, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Ин созишнома дар баробари 12 қарордоди дигари ҳамкориҳои дуҷониба рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар Пекин аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи баланд миёни Тоҷикистон ва Чин ба имзо расид.

Дар лоиҳа таъкид шудааст, ки кумак бо дархости ҳукумати Тоҷикистон «барои иҷрои тарҳҳои мувофиқашудаи тарафҳо» ҷудо карда мешавад.

«Шартҳои мушаххас барои лоиҳаҳо дар созишномаҳои иловагӣ, ки аз ҷониби тарафҳо имзо мешаванд, пешбинӣ карда мешаванд», — таъкид мешавад дар лоиҳаи созишнома.

Дар он гуфта мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин барои ироаи кумакҳои молиявии бебозгашт мутақобилан суратҳисобҳои бефоиз ва ғайрихарҷӣ мекушоянд.

«Ҳангоми истифодаи кӯмаки молиявии ройгон тартиби пешбурди суратҳисобҳо мувофиқи тартиб ва қоидаҳои ҶС Бонки давлатии рушди Чин амалӣ карда мешавад ва бонкҳо дар бораи ҳолати суратҳисобҳо ба тарафҳо ҳисобот медиҳанд», — хулоса мешавад дар лоиҳаи созишнома.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

«Душанбе Сити» ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...