Amnesty International: соли 2022 ҳукми қатл дар ҷаҳон нисбати 883 нафар иҷро шудааст

[total_views]
[total_views]
[image_description]

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (AI) ё худ Афви Байнулмилал хабар дод, ки соли гузашта дар кишварҳои гуногун 883 ҳукми қатл ба иҷро расонида шудааст. Ин маълумот дар гузориши ҳамасолаи “Авфи байнулмилалӣ” рӯзи сешанбе, 16 май нашр шудааст.

Тибқи маълумоти Amnesty International, ки далелҳои истифодаи ҳукми қатлро ҳисоб мекунад, ба теъдоди кушташудагон “ҳазорон” нафарони ба марг маҳкумшуда дар Чин, ки он ҷо омори қатлҳо махфӣ аст, дохил намешаванд.

Дар гузориш зикр мешавад, ки соли гузашта дар Арабистони Саудӣ танҳо дар як рӯз  нисбати 81 нафар ҳукми қатл иҷро шудааст. Ин рақам дар санад «ҳайратовар» номида мешавад.

Гуфта мешавад, ҳукмҳои қатл ба таври густарда дар Кореяи Шимолӣ ва Ветнам содир шуда, ба мисли Чин омори ин далелҳо махфианд.

Ҳиссаи нисбатан назарраси иҷрои ҷазои ҳукми қатл ба маҳкумшудагон барои хариду фурӯши маводи нашъаовар ва дигар ҷиноёти марбут ба нашъамандӣ рост меояд. Масалан, соли 2022 дар Сингапур барои ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар нисбати 11 кас ҳукми қатл ба иҷро расидааст.

Дар Тоҷикистон аз соли 2005 ба истифодаи чунин ҷазо моратория ҷорӣ шудааст. Моҳи октябри соли 2020 мо дар кӯчаҳои Душанбе як назарпурсӣ гузаронидем ва дар ҷараёни он аксари мардум аз ин қарор ҷонибдорӣ карданд. Чаро тоҷикон мухолифи ҷазои қатл ҳастанд ва дар кадом ҳолатҳои истисноӣ ба истифодаи он иҷозат медиҳанд? Ба гузориши видеоии мо таваҷҷуҳ кунед:

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

«Душанбе Сити» ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Как Манижа стала первой таджикистанкой в глобальной образовательной программе Dubai Business Associates

Манижа Раджабова стала первой гражданкой Таджикистана, которая попала в одну...

В горах Таджикистана по неосторожности погибли двое мужчин – КЧС

В горных районах Таджикистана за прошедшие сутки зафиксированы два...

“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад…” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?

Бештар аз як моҳ қабл, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии...

Страна, которая живет в будущем уже сегодня. Как Китай внедряет технологии в повседневную жизнь

То, что для многих стран мира сегодня прорывная технология,...