Дастовардҳои мо

Барои шукуфоӣ ва тараққиёти Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии давлати ҳозиразамон ва бурдборро устувор кардан лозим меояд. Лоиҳаи «Такмили системаи идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ТСИД) барои мусоидат намудан ба идораи самараноки давлатӣ дар Тоҷикистон равона шуда, бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди нерӯи инсонӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва пурзӯр намудани вазифаҳои асосии давлатдорӣ, махсусан, идораҳои […]

Манижа Курбонова


Барои шукуфоӣ ва тараққиёти Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии давлати ҳозиразамон ва бурдборро устувор кардан лозим меояд. Лоиҳаи «Такмили системаи идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ТСИД) барои мусоидат намудан ба идораи самараноки давлатӣ дар Тоҷикистон равона шуда, бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди нерӯи инсонӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва пурзӯр намудани вазифаҳои асосии давлатдорӣ, махсусан, идораҳои қудратӣ хизмат менамояд. Дар бораи фаъолияти ин лоиҳа тасмим гирифтем бо ассистенти лоиҳа Аноҳита НИЯТБЕКОВА ҳамсӯҳбат шавем.

Соли 2008 ифтитоҳи расмии имзошавии ҳуҷҷатии лоиҳаи «Такмили системаи идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасодкории ҶТ, Вазорати адлияи ҶТ ва Барномаи Рушди СММ баргузор гардид.

Барномаи мазкур дар доираи дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон барои ба даст овардани Стратегияи Рушди Миллӣ ва Мақсадҳои Рушди Ҳазорсола (МРХ) кор карда баромада шуд. Ин лоиҳа яке аз натиҷаҳои Барномаи маҳаллии БРСММ дар масъалаи баланд бардоштани шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар сектори ҷамъиятӣ, пурзӯр намудани идоракунӣ ва ҳамкорӣ дар ин соҳа дар сатҳи маҳаллӣ ва байналмиллалӣ мебошад.

Мақсади лоиҳаи ТСИД дар Тоҷикистон — мусоидат ба Ҳукумати Тоҷикистон дар такмили ҳаматарафаи идоракунии паст намудани сатҳи камбизоатӣ, кушодани нерӯи инсонӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон, инчунин такмили вазифаҳои асосии давлатдорӣ мебошад, махсусан, барои идораҳое, ки бехатарии мамлакатро таъмин мекунанд. Барои ноил шудан ба мақсади мазкур, лоиҳа барои баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар системаи идораи давлатӣ ва бехатарӣ, пурзӯр намудани нерӯи системаи назорати дохилӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар сектори ҷамъиятӣ ва баровардани механизми самараноки шикоятҳои ҷамъиятӣ (мардумӣ) ва ислоҳоти ҳуқуқӣ хизмат менамояд.

Яке аз дастовардҳои муҳими лоиҳа дар шароити кунунӣ гузаронидани як қатор тадқиқотҳо дар масъалаи фасодкорӣ ва қабули он аз тарафи шаҳрвандон, мусоидат дар коркард ва қабули Стратегияи миллии мубориза бо коррупсия барои солҳои 2008-2012 ва баланд бардоштани нерӯи шарикони миллӣ дар ҷодаи пешгирии фасодкорӣ мебошад. Инчунин кӯшишҳои лоиҳаро дар дастгирии Идораи миллии ҳуқуқи инсон (омбудсмен) барои даровардани механизми шикоятҳои мардумӣ қайд намудан мумкин аст. Лоиҳа ба кормандони ин идора барои баланд бардоштани сатҳи донишҳояшон дар гузаронидани тренингҳо ва машваратҳои техникӣ ёрӣ расонда, инчунин барои кор карда баромадани Стратегияи рушди дарозмуддат мусоидат менамояд. Мо умед ба он мебандем, ки дар ояндаи наздик ин сохтор дар фаъолияташ натиҷаҳои назаррас нишон медиҳад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти лоиҳа ин ҳамкориҳои муфид бо сектори ҷамъиятӣ мебошад, махсусан дар ҷодаи иттилоотонии ҷомеа дар мубориза бо фасод. Бо ин мақсад, ҳамасола конфронсҳои миллӣ бо иштироки шарикон, мизҳои мудаввар, ҳамоишҳои ҷамъиятӣ, баромадхо дар телевизион ва радио ва дигар ҷамъомадҳои оммавӣ гузаронида мешаванд. Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини масъулият ва шаффофият дар ҳамаи зинаҳои давлатӣ баланд аст. Маҳз барои гузаронидани муколамаи кушод байни ҷомеа ва идораҳои давлатӣ дар пешгирӣ ва мубориза бо фасод, инчунин фароҳам овардани шароити шаффоф барои фаъолияти сохторҳои давлатӣ платформаи лозимаро сохтан зарур аст.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

Сохтмон
Оби зулол

Последние новости

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Made by «Азия-Плюс»: акции, фестивали и добрые дела за 30 лет нашей истории

В рамках празднования нашего 30-летия делимся воспоминаниями о том, какие мероприятия мы организовывали для таджикистанцев в разные годы.

В Госдуме запланировали вдвое расширить перечень оснований для выдворения иностранцев

В список, в частности, включено распространение в интернете материалов, «оскорбляющих общественную нравственность».

Президент Таджикистана и генсек ОДКБ обсудили вопрос укрепления границы с Афганистаном

Стороны подчеркнули важность реализации соответствующей Программы.

Как архивисты хранят память: 95 лет Центральному архиву Таджикистана

Мы заглянули в хранилище и нашли уникальные документы и фотографии, смотрите сами.

Какие учителя в Таджикистане освобождаются от военной службы, а какие – нет

Юрист говорит, что в вопросе отсрочки призыва учителей есть противоречие между законами - «О статусе учителя» и «О воинской обязанности и военной службе».

Переговоры в Исламабаде под угрозой: стороны обостряют риторику и продолжают обмен ударами

Двухнедельное соглашение о прекращении огня оказалось шатким после того, как Иран снова закрыл Ормузский пролив в ответ на израильские атаки в Ливане