Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ аз аҳли ҷомеа даъват ба амал меоварад, ки дар таҳияи лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар барои солҳои 2013-2022» саҳм гузоранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, санади мазкур аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравии вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ бо ҳамоҳангсозии Агентӣ таҳия гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, қабули Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати маводи нашъаовар барои солҳои 2013-2022 (минбаъд Стратегия) вобаста ба таҳдидҳои нав, қабл аз ҳама ба фаъол гардидани амалҳои ҷиноятҳои трансмиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (минбаъд маводи нашъаовар) алоқаманд мебошад. «Болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва истифодаи ғайритиббии онҳо, зиёд шудани теъдоди гирифторони вируси норасоии масунияти одам (минбаъд ВНМО) аз ҷумлаи истеъмолкунандагони маводи нашъаовар, ба амният, иқтисодиёт ва солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ мекунад», – гуфт манбаъ.
Ба назардошти тамоми гуфтаҳои дар боло зикршуда, 20-уми апрели соли равон сарвари давлат дар паёми худ ба парлумон ба Агентӣ супориш дод, ки «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар барои солҳои 2013-2022»-ро таҳия намояд.
Дар АНМН таъкид намуданд, ки гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Стратегия мазкур барои ироаи тағйиру илова ва пешниҳодот аз аҳолӣ миннатдор хоҳанд буд.