spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Анҷоми сохтмони ду дидбонгоҳи сарҳадӣ бо кӯмаки ИМА


Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт, аз номи Бахши ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ду дидбонгоҳи сарҳадиро таҳвил дод.  Дар ин маросими расмӣ Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Шерали Мирзо ширкат варзид.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар наздикии маҳаллаҳои Рибхоз ва Сайёди Вилояти Хатлон сохта шуда истиқоматгоҳи аскарон, ошхона,утоқҳои маъмурӣ, истиқоматгоҳи афсарон, иншоотҳои техникӣ ва сагхонаҳоро дарбар мегиранд.

Дидбонгоҳҳои мазкур омодагии марзбонони минтақаро ҷиҳати ҳифзи марзҳои ҷанубии кишвар аз қочокчиёни маводи мухаддир ва таҳдидҳои дигар ба амниятро тақвият медиҳанд.

Сафир Эллиотт иброз дошт: «Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷузъи касбӣ ва содиқи низоми амнияти Тоҷикистон мебошанд.  Ман ифтихор дорам, ки муборизаи шуҷоатноки марзбононро зидди қочоқи маводи мухаддир ва баҳри таҳкими марзҳои худ дастгирӣ мекунам». 

Сафир афзуд, ки сохтмони дидбонгоҳхои сарҳадӣ иқтидори марзбонии Ҳукумати Тоҷикистонро таври назаррас тақвият медиҳад ва ба таҳким додани фаъолияти марзбонони минтақа низ кӯмак мерасонад. 

Ин инъоми Шӯъбаи ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасони Сафорати ИМА мебошад, ки ба қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пешкаш гардидааст. Аз соли 1992  мардуми Амрико барои  барномаҳои кӯмакдиҳандаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ,  ниҳодҳои демократӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон беш аз як миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...