Имрӯз дар Маркази нави таълимии байниидоравии кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои нахустини такмили ихтисос барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар оғоз гардид. Дар он кормандони Агентӣ, Вазорати корҳои дохила ва Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Тавре аз АНМН хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи дарсҳо сарварони ВКД, нерӯҳои сарҳадии КДАМ, Хадамоти гумрук ва намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Мавриди ба ёдоварист, ки соли 2010 бо дастгирии лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо БОМКА дар базаи хадамоти кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои маъмурии Маркази таълимии кинологӣ оғоз гардида буд.
1 июни соли 2012 баъди анҷоми сохтмон ин Марказ бо ширкати Ҷонишини Котиби генералии СММ, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов, Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Зуев, сарвари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр, ҳамчунин намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ифтитоҳ гардид.