Чанде қабл дар мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо сафири Чин дар Тоҷикистон масъалаи барномаи сафари қарибулвуқуи Рамазон Раҳимов ба Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин атрофи таҳияи механизми роҳандозии ҳамкориҳои Раёсати ВКД ҶТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва департаменти Вазорати амнияти ҷамъиятии Вилояти Мухтори Синҷону Уйғури Чин дар самти таъмини амният дар минтақаҳои наздимарзии ду кишвар низ табодули назар сурат гирифт.