Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Аҳтамшо Шарифови 24-сола, ки аввали моҳи октябр дар Русия дарёфт шуда буд, шоми имрӯз ба ватан интиқол дода мешавад.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҷасади сокини ноҳияи Панҷ бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ва хадамоти консулгарии Тоҷикистон дар Маскав ба ватан фиристода мешавад.
Тавре қаблан хабар дода будем, аввали моҳи октябр ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон дар назди яке аз биноҳои якошёнаи техникӣ, дар гузаргоҳи Заревои пойтахти Русия дарёфт шуда буд. Ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 28-солаи шаҳри Маскав Алексей Суворов боздошт гардида, нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Ба иттилои манбаъ, феълан кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Маскав мунтазам бо мақомоти тафтишот дар тамос буда, ҷараёни таҳқиқи ҳодисаро пайгирӣ доранд.
Гуфта мешавад, ба гумони даст доштан дар ҷинояти мазкур боз як шаҳрванди дигари Русия низ боздошт шуда, вале ба хотири халалдор насохтани ҷараёни тафтишот, ному насбаш зикр намегардад.