Имрӯз дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Соли варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар паҳнои ИДМ намоишгоҳи аксҳо баргузор мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар намоишгоҳ ҳудуди 100 адад аксҳои варзишгарони Тоҷикистону Русия ва лаҳзаҳои хоирмони ҳаёти варзишӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
«Дар кори намоишгоҳ аз иштироки роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Владислав Курнушко, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов ва 50 нафар варзишгарони маъруфи Тоҷикистон, аз ҷумла Расул Боқиев, Мавзуна Чориева ва Дилшод Назаров интизорӣ меравад», – гуфтанд дар Кумита.
Зимнан зикр гардид, ки ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ ва таҷассум намудани муҳимияти роҳандозии тарзи ҳаёти солим аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии намоишгоҳ аст.