Чанде қабл дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд барои нерӯҳои марзбонии мустақар дар қаламрави ноҳия бинои нав ба истифода дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бино раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси КДАМ ҶТ Саймуъмин Ятимов ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Шералишо Мирзо ширкат варзиданд.
Ба қавли Х.Раҳматуллоев, бинои мазкур бо супориши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» сохта шуда, хароҷоти умумии сохтмони он ҳудуди 16,5 млн. сомониро ташкил додааст.
«Бинои нав аз манзилҳои зист барои ҳайати афсарон, бинои истиқомати сарбозон, ҳаммом, ҳуҷраи лисбосшӯйӣ, ошхонаи муосир ва дигар зербинои зарурӣ иборат аст», – афзуд номбурда.