Рӯзҳои 27-28-уми декабри соли 2012 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод миёни ҷавонон, барои пос доштани номи устоди варзиши Қазоқистон, Кабден Байдосов баргузор гардид.
Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев хабар дод, дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекисон, Россия ва Тоҷикистон дар ҳайати 350 нафар ширкат намуданд.
«Чаҳор паҳлавони тоҷик аз гӯшаҳои мухолифи Тоҷикистон ба майдон баромаданд ва миёни онҳо Фирӯз Ёқубов дар вазни 85 кг барандаи медали тило гардид», – гуфт вай.
Ба қавли ӯ, Фирӯз дар даври аввал озод ва баъдан варзишгари қирғизро мағлуб намуд ва ҳамчунин дар даври савум варзишгари мизбонро шикаст дод. «Дар даври ниҳоӣ бо варзишгари Қазоқистон бо натиҷаи баланд дастболо гардида, барандаи зинаи ифтихорӣ шуд», – афзуд номбурда.
Зикр гардид, ки Фирӯз Ёқубов ҷоизадори Чемпионати Осиё (Таиланд-2011) ва ғолиби чандкаратаи мусобиқаҳои Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя ба ҳисоб меравад.