spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ташаннуҷи вазъ дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон


Пас аз як рӯйдод дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон, ҳукуматдорони қирғиз ҷиҳати озод намудани як гурӯҳи афроде гуфтушунид доранд, ки дар анклави ӯзбекистонии Сух гаравгон гирифта шудаанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти намояндагии ҳукумати Ботканди Қирғизистон, то ҳол озодии 17 нафар кӯдакону занон муяссар гардида,беш аз 20 нафар мардон то ҳанӯз дар асоратанд.

Чанде қабл агентии қирғизии «АКИпресс» иттилоъ дод, ки як гурӯҳи сершумори сокинони деҳаи ӯзбекии Ҳушёри анклави Сух дар қаламрави Қирғизистон ба марзбонони қирғиз ҳамла оварда, аслиҳаи онҳоро гирифтанӣ шудаанд. Он замон марзбонон ба насби симчӯбҳои хати интиқоли барқ ба посгоҳи марзӣ машғул будаанд. Агентӣ менависад, эҳтимол меравад, ки сокинони анклав як гурӯҳи афрод, аз ҷумла занону кӯдаконро гаравгон гирифтаанд.

Бино ба иттилои Лента.ру, ҳамлагарон ду автомашинаро оташ зада, як автобуси мусофирбарро хароб ва мусофирони онро гаравгон гирифтаанд. Дар бораи мақсади шаҳрвандони Ӯзбекистон ишорае нест. Хадамоти матбуоти нерӯҳои марзбонии Қирғизистон аз шарҳи масъала худдорӣ кардааст.

«Раиси вилояти Ботканд Женишбек Раззоқов оид ба озод намудани 22 нафар қирғизҳо аз қаламрави анклави ӯзбекистонии Сух гуфтушунид дорад. Дар натиҷаи гуфтушуниди шаби 7-уми январ 14 нафар занону кӯдакон аз гарав озод шуда, вазъи онҳо қангоатманд арзёбӣ мешавад», – – менависад хадамоти матбуот.

Бино ба маълумоти РИА «Новости» бо истинод ба ВАО-и Қирғизистон, дар мавзеи рӯйдод гурӯҳи сершумори наздикони гаравгонон гирдиҳам омада, фавран озод намудани онҳоро талаб доранд. Вазъ таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон қарор дорад.

Дар прокуратураи вилояти Ботканд нисбат ба шаҳрвандони Ӯзбекистон аз рӯи далели ҳамла ба хизматчиёни низомӣ ва гаравгонгирӣ ду парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...