Дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон бо қочоқбарони афғон задхӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, бар асари он як марзбони тоҷик ҳалок ва як тани дигар бо ҷароҳатҳо ба бемористон мунтақил шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд, ин ҳодиса ҳанӯз 1-уми январ рух дода, танҳо ҳамин рӯз ба интишори расмии он иҷозат шудааст.
«Марзбонони тоҷик шабона зимни назорати марз як гурӯҳи иборат аз наздики 20 нафарро дида, онҳоро ба таваққуф огоҳ мекунанд, вале қочоқбарон ба он итоат накарда, задухӯрди шадиди мусаллаҳона сурат мегирад, ки дар натиҷа сарбози хизмати ҳатмии ҳарбӣ, зодаи 20-солаи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Фазлиддин Қозизода ҳалок ва боз як марзбони ҷавон захмӣ мешаванд.
Қобили зикр аст, ки масофаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон беш аз 1,3 ҳазор километрро ташкил дода, амнияти як қисмати он хуб таъмин нест ва аз ин рӯ, қочоқбарони он сӯи рӯдхонаи Панҷ аз он истифода мекунанд.