Ба идораи ОИ «Азия-Плюс» аз номи маҳбусон, собиқ аъзои Фронти халқии Тоҷикистон ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон номаи кушод расид. Дар муроҷиат ба сарвари давлат онҳо дархост мекунанд, ки мавриди афв қарор дода шаванд.
Дар муроҷиат зикр мегардад, ки онҳо ҳамчун аъзои Фронти халқӣ баҳри расидан ба сулҳу оромӣ ҷони худро ба хатар гузошта, имрӯз кишвар соҳибистиқлолу дар он сулҳ ҳукмфармост.
«Президенти муҳтарам! Бо амри тақдир мо дар содир намудани ҷиноятҳои гуногун мутааҳам дониста шуда, ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шудем. Ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки дар сафҳои он мо низ дар барқарории сулҳ саҳм гузоштем, аз Шумо дархост мекунем, ки гуноҳҳоямонро бахшида, моро афв намоед», – баён мегардад дар нома.
Дар идома аъзои як гурӯҳи бузурги мусаллаҳи даврони ҷанги шаҳрвандӣ менависанд, ки онҳо омодаанд савганду ёд кунанд, ки гуноҳи худро дарк кардаанд ва «хоҳиш мекунанд, ки гуноҳашон бахшида шавад».
«Мо аз Шумо дархост мекунем, ки ба хотири сулҳу созиши дар ҳамдастӣ ноилгардидаамон гуноҳи моро бахшед ва имкон диҳед, ки ҳамроҳ 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳро ҷашн гирем…Мо ҳама Ватани худро дӯст дошта, миннатдорем, ки ба туфайли Шумо тӯли зиёда аз 20 сол фазои сулҳу оромӣ дар кишвари мо ҳукмфармост. Умедворем, ки дархости моро рад накарда, ба мо имкон хоҳед дод, ки ҳарчи зудтар назди оилаву наздикон баргардем», – омадааст дар нома.