Зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати истирдоди пешвои ҳаракати «Гурӯҳи-24», шаҳрванди ҷумҳурӣ Умаралӣ Қувватов дархост ирсол кардааст.
«Нисбати Умаралӣ Қувватов аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст», – гуфт ӯ дар ин робита ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари ин масъала худдорӣ варзид.
Бо назардошти миёни Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб ба имзо расидани Созишнома дар бораи истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистони гумонбар ба содир намудани ҷиноят аз АМА, эҳтимол меравад, ки дархости Тоҷикистон қонеъ карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки дар сурати истирдоди шавҳараш ба ватан, ӯ мавриди шиканҷа ва кирдори бераҳмона қарор хоҳад гирифт. Ӯ ҷиҳати мусоидату кӯмак ба озодии шавҳараш ба Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International)
муроҷиат намуд.