Кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар ин кишвар дар маросими муайян кардани шахсияти ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Ҷумъахон Азизов иштирок карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, дар ин маросим ҳамчунин бародари ҳалокшуда Бахтиёр Азизов ва амаки онҳо низ ҳузур доштааст.
Ба гуфтаи вай, бо дархости ҷониби Тоҷикистон ба баррасии қазияи мазкур адвокати маскавӣ Мурод Тоҳиров ҷалб шудааст. «Мо умедворем, ки тафтиши ҳодисаи Одинсово беғаразона ва мунсифона сурат хоҳад гирифт. Айни замон ҷараёни таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати шахсии сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев қарор дорад», – иброз дошт М.Эгамзод.
Номбурда таъкид кард, ки ҳарчанд алҳол дар бораи асосҳои воқеии ҳодисаи мазкур ба хулосаи мушаххасе расидан барвақт бошад ҳам, санҷиши хизматӣ бояд тамоми ҳолатҳои ҳодисаи рухдодаро муқаррар намояд.
Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта
дар бемористони ноҳияи Одинсовои
вилояти Маскави Русия шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Мӯъминобод Ҷумъахон Азизов ба ҳалокат расид.