Бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ва хадамоти консулгарии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия шоми дирӯз ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Ҷумъахон Азизов ба ватан фиристода шуд.
Бино ба маълумоти намояндагии ХМ ҶТ дар Русия, рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар бемористони ноҳияи Одинсовои вилояти Маскави Русия шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Мӯъминобод Ҷумъахон Азизов ба ҳалокат расида буд.
Бино ба маълумоти намояндагӣ, ӯ аз
оташкушоии кормандони пулиси
ин ноҳия ба автомашинаи тоҷикон ҷароҳати марговар бардоштааст.