Ин замон дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти кишвар баргузор шуда истодааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаласа ҳисоботи роҳбарони сохторҳои қудратӣ оид ба фаъолият дар бахши таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар шунида хоҳад шуд.
«Дар ҷаласа ҳамчунин масоили мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд», – гуфт сарчашмаи хабар.