Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ вохӯрии директори Агентӣ Рустам Назаров бо сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк баргузор шуд.
Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии мазкур, дар ҷараёни мулоқот Рустам Назаров сафирро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ, чораву тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад ва ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар муборизаи муштарак бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ошно намуд. Ӯ ҳамчунин дар бораи фаъолиятҳои Агентӣ, дастовардҳо ва дурнамои рушди он муфассал маълумот дод.
В.Никитюк дар навбати худ қайд кард, ки ҳукумати Украина ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ва бахусус Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса дорад ва эълон кард, ки хадамоти давлатии назорат бар маводи мухаддири Украина омода аст бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ҳамкориҳои созандаро ба роҳ монад.