Шуъбаи таҳлилии маҷаллаи The Economist таҳти унвони «Арзиши ҳаёт дар ҷаҳон -2013» ҳисоботеро нашр намуд, ки мувофиқи он, аз ҳама шаҳри гаронтарин дар ҷаҳон Токио ба шумор меравад. Дар поёни рӯйхат шаҳрҳои ҳиндустонии Мумбай ва Қарочӣ чой гирифтаанд.
Тавре Pravda.ru хабар медиҳад, нисбат ба дигар шаҳрҳои ҷаҳон дар Мумбай ва Қарочи зиндагонӣ кардан аз хама арзонтар аст. Дар руйхати шаҳрҳое, ки зиндагӣ дар онҷо қимат аст, Токио дар ҷои аввал буда, сипас Осака, Сидней, Осло, Мельбурн, Сингапур, Сюрих, Каракас ва Женева номбар шудаанд.
Тибқи ҳисобу китоби мутахассисон, нархи як кило нон дар Токио нисбат ба Мумбай нуҳ маротиба киматтар мебошад. Ба рӯйхати шаҳрҳои барои зиндагонӣ дастрас ба ҷуз шаҳрҳои ҳиндустонӣ, Катманду, Алҷазоир, Бухарест, Коломбо ва Панама низ шомиланд. Дар маҷмӯъ, барои тартиб додани рейтинг маълумоти 131 шаҳри дунё истифода шудааст.
Барои таҳқиқи арзиши ҳаёт беш аз 400 нархи 160 маҳсулот ва хизматрасонӣ муқоиса карда шудааст. Дар онҳо бахусус нархи маҳсулоти ғизоӣ, нӯшокиҳо, сарулибос, ашёи рӯзгор, иҷорапулии манзил, нақлиёт, хизматрасонии коммуналӣ, хароҷот барои мактаб ва истироҳат ба инобат гирифта шудаанд.