Афсарони алоқаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар доираи иҷрои Протоколи ҳамкориҳо миёни Агентӣ ва Вазорати корҳои дохилии ин кишвар бо волии шаҳри Файзобод ҷаноби Назирмад валади Ниёзмуҳаммад мулоқот намуданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Агентӣ, дар ҷараёни дидор масъалаҳои назорати марзӣ ва роҳандозии чорабиниҳои пешгирикунанда дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо аз вазъи ҳамкориҳои дуҷонибаи зиддимухаддиротӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.