Як ҳайати низомии Русия таҳти сарварии сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия генерал-полковник Валерий Герасимов имрӯз ба Душанбе ташриф меорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иттилоъ дод, сафари дурӯзаи сардори Ситоди кулли Қвваҳои Мусаллаҳи Русия ба Тоҷикистон ба баррасии масоили ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву техникӣ миёни Тоҷикистону Русия марбут аст.
Ба иттилои манбаъ, аз мулоқотҳои В.Герасимов бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев интизорӣ меравад. Дар вохӯриҳо баррасии маҷмӯи масоили гуногун дар доираи ҳамкориҳои низомии кишварҳо дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2012 бо пешниҳоди Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия Валерий Герасимов сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, муовини аввали вазири мудофиаи Русия таъин гардид.