Чанде қабл зимни мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ бо сафири Қирғизистон дар ҶТ Урмат Саралаев намояндаи ваколатдор (афсари алоқа)-и ба иҷрои вазифа шурӯънамудаи Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон дар АНМН ҶТ Кулчоро Усенов муаррифӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар мулоқот масоили фаъолияти муштараки ниҳодҳои зиддимухаддиротии кишварҳо дар самти фаъол кардани кӯшишҳои дастаҷамъона дар мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки намояндаи ваколатдори Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон дар АНМН ҶТ дар асоси Созишнома миёни мақомоти зиддимухаддиротии кишварҳо аз 21-уми январи соли 2008 ва ҳамчунин тибқи қарорҳои қабулшуда аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии байниидоравии мақомоти ҳарду кишвар моҳи августи соли гузашта дар Хуҷанд таъин карда шуд.
Зимнан зикр гардид, ки макони ҳузури доимии афсари алоқаи ваколатдори Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд қарор хоҳад дошт.