Дар мусобиқаи қитъавии Чемпионати Осиё (минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ) дар шаҳри Коломбо (Шри-Ланка) дастаи футболи духтаронаи наврасон Тоҷикистон (U-14) дар вохӯрии дуюм бар дастаи Бутан бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ғалабаи дастаи Тоҷикистонро тӯбҳои ба дарвозаи ҳариф вориднамудаи футболбоздухтарони тоҷик Мавҷуда Сафарова (дақиқаи 14-ум) ва Муниса Мирзоева (дақиқаи 44-ум) таъмин кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки дар вохӯрии аввал футболбоздухтарони тоҷик аз дастаи Ҳиндустон бо ҳисоб 0 бар 3 шикаст хӯрда буданд. Айни замон тими Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқа бо 3 имтиёз мақоми 4-умро ишғол мекунад.
Футболбоздухтарони Тоҷикистон имрӯз бо дастаи Бангладеш қувваозмоӣ мекунанд. Дар ду вохӯрии пешина дастаи Бангладеш бозиҳоро ба дастаи Эрон (0:5) ва Ҳиндустон (1:5) бохта буд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи Эрон тими Шри-Ланкаро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод.