Директор Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон генерал-лейтенанти милиса Рустам Назаров ба Раёсат оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткории кишварҳои мададрасон дар мавриди кӯмак расонидан барои ҷиҳати татбиқи Стратегияи миллии зиддимухаддаротӣ муроҷиат намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, ин муроҷиати Рустам Назаров дар Вена дар ҷараёни суханрониаш дар ҷаласаи Шӯрои олии иҷроияи Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишхо барои мубориза бо нашъа дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои солхои 2011-2014 садо додааст.
Ба иттилои манбаъ, директори Агентии зиддимухаддаротӣ аснои суханронии худ иштирокдорон ҷаласаро ба татбики барномаи мазкур дар Точикистон ошно намудааст. Қоибли зикр аст, ки ҷаласа дар доираи кори 56-умин иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъаовар баргузор гардид.