Мувофиқи фармони нимаи моҳи март баимзорасида аз ҷониби президент «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1986-1995 ба хизмати ҳарбӣ», аз 1-уми апрел маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ оғоз мегардад.
Мутобиқи фармон, хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2012 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Тибқи фармони мазкур, моҳҳои апрел-майи соли 2012 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.
Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раисони шаҳру ноҳия масъуланд.