То ҳанӯз 7,5 километри мураббаъи қаламрави Тоҷикистон минадор боқӣ мондааст, ки қисмати бештари он – 5,2 км мураббаъаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ аст.
Зимни семниари имрӯза таҳти унвони «Фаъолияти зиддимина дар Тоҷикистон» роҳбари шуъбаи амалиёт оид ба аз мина безараргардонии Марказ оид ба масоили минаи Тоҷикистон Парвиз Мавлонқулов гуфт, аз оғози фаъолияти марказ аз мина ва дигар муҳимоти ҷангии натаркида 88 майдони минадор поккорӣ шуда, боз поккории беш аз 170 чунин майдон бо қаламрави умумии ҳудуди 7,5 км мураббаъ дар пеш аст.
«Ҳамасола ҳам аз ҳисоби сапёрони марказу Вазорати мудофиа ва ҳам шарикон аз созмонҳои байнулмилалии FSD (Фонди Швейтсария оид ба безараргардонии мина) ва «Кӯмаки мардуми Норвегия» ва ғайра зиёда аз 250 нафар барои фаъолияти аз мина безарар гардонидани майдонҳо ҷалб карда мешаванд», – иброз дошт вай.
Зимнан зикр гардид, ки кишварҳои мададрасони ҷараёни безараргардонии майдонҳо аз мина Канада, Олмон, Британияи Кабир, ИМА, Ҷопон, Норвегия ва дигар давлатҳо мебошанд.
Сардори шуъбаи ҳуқуқҳои конститутсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Музаффар Ашӯров дар ин робита изҳор намуд, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон нахуст соли 2004 ба Конвенсияи зиддиминаи Оттава пайваста, соли 2004 бо нобуд кардани беш аз 3 ҳазор адад мина аз иҷрои уҳдадорӣ тибқи моддаи 4-и Конвенсия бо сарбадландӣ баромад.
«Шурӯъ аз соли 1975 то имрӯз дар саросари ҷаҳон аз мина ва дигар муҳимоти ҷангии натаркида беш аз 1 млн. нафар ҳалок гардидаанд, ки 80%-и онҳо шаҳрвандони мулкӣ (ғайринизомӣ) мебошанд. Танҳо дар Тоҷикистон аз соли 1999 то кунун аз мина ва дигар лавозимоти ҷангии натаркида 846 нафар осеб дида, 368 нафарашон ҳалок ва 478 тан ҷароҳат бардоштанд, ки 30%-ашонро кӯдакон ташкил медиҳанд», – гуфт номбурда.
Бино ба маълумоти ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи сапёрони Тоҷикистон», айни замон дар маҳаллаҳои аҳолинишини то ҳол минадор беш аз 350 ҳазор нафар зиндагӣ доранд, ки 75%-и онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.