Чанде қабл сафиратии ИМА ва шӯъбаи ҳамкории низомии Сафорати ИМА дар Душанбе ба қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон васоити нақлиёт ва таҷҳизот ба маблағи умумии зиёда аз 2 миллион доллари ИМА ба ҳайси кӯмаки бебозгашт тақдим карданд.
Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, таҷҳизоти мазкур, ки аз ҷониби Барномаи мубориза алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддири Фармондихии марказии ИМА (CENTCOM) маблағгузорӣ шудааст, имконоти қушунҳои сарҳадиро дар таъмини бехатарии марзҳои кишвар беҳтар хоҳад намуд.
Сафир Сюзан Эллиотт, дар маросими супоридани таҷҳизот ширкат варзида, қайд намуд, ки “Ҳукумати ИМА ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир дастгирӣ менамояд. Таъмини бехатариии марзҳои Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷа мебошад, ки дар сатҳи минтақа гуворост. Қушунҳои сархадӣ вазифаи душвор доранд, чунки онҳо дар хати аввали дифоъ бар зидди хатарҳои беруна истода, бо истифода аз захоири маҳдуд дар манотиқи душворгузар вазифаи муҳими худро амалӣ мегардонанд”.
Таҷхизоти ба Ҳукумати Тоҷикистон тақдимшуда аз бист адад васоити нақлиёти душворгузар (ВНД), даҳ адад автомобили барфгард, шашсад радиоҳои “Моторола”, сесад пойгоҳҳои барқии офтобӣ, чилу чор адад таҷҳизоти компутарӣ ва лавозимоти муҳофизатии фардӣ иборат мебошад. ВНД ва автомобилхои барфгард ба қароргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон тақсим карда мешаванд. Онҳо дар муборизаи қисмҳои қушунҳои сарҳадӣ алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқ кӯмак хоҳанд кард. Васоити алоқа, таҷҳизоти компутарӣ ва тактикӣ низ қобилияти қисмҳои қушунҳои сарҳадӣ, қароргоҳҳ ва воҳидҳои марзбониро дар мубориза алайҳи хатарҳои беруна тақвият медиҳад.
Лоиҳае, ки васоити нақлиёт ва таҷҳизотро дастрас намудааст, яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки амалишавии он бо дастгирии мардуми Амрико имконпазир гашт. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст. Сафорати ИМА дастгирии қушунҳои марзбонӣ тавассути ҳамкорӣ миёни сохторҳои ИМА ва Тоҷикистонро идома хоҳад дод.