Дар ҷараёни конфронси хотимавии марҳилаи 5-уми Барномаи пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (CADAP) дар Бишкек изҳор гардид, ки Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба марҳилаи навбатии 6-уми ин барнома 5 млн. евро маблағ ҷудо карданист.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, давоми 3 соли амалисозии барнома беш аз 3 ҳазор нафар коршиносон ва намояндагони ҳукуматҳои панҷ кишвари минтақа бо машғулиятҳои омӯзиши методикаҳои муосири тиббӣ ва равонӣ фаро гирифта шуда, дар доираи татбиқи барнома марказҳои табобату барқарорсозӣ таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуданд.
«Ҷомеаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба мушкилоти марбут ба густариши нашъамандӣ ва таҳдиди гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ миёни истеъмолгарони маводи нашъаовар тавассути сӯзандору мувоҷеҳанд», – иброз доштанд дар намояндагӣ.
Барномаи мазкур ба амалисозии кӯшишҳои муштарак дар самти коҳиши талабот ба маводи мухаддир дар ҳамроҳӣ бо андешидани чораҳои коҳиши таъминот бо маводи мухаддир равона гардидааст, ки дар доираи Барномаи мусоидат ба идоракунии марзҳо дар Осиёи Марказӣ (BOMCA)-и Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.