spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Курсҳои таълимии сафорати ИМА барои кормандони мақомоти интизомӣ


Роҳбари бахши минтақавии хадамоти таъмини амниятии назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Патрик Беллингер 20 корманди Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президентии Тоҷикистонро бо хатми курси таълимии «Такмили ихтисоси омӯзгорон» табрик намуд. 

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, курси мазкур дар доираи фаоъолиятҳои Барномаи ёрии зиддитеррористӣ (ATA) омода гардида шуд.

Ба иттилои манбаъ, курси номбаршуда аз мавзӯъҳои омода намудани системаи омӯзишӣ, малакаҳои равобит ва баромад, банақшагирӣ ва омода намудани дарсҳои омӯзишӣ иборат буд    Инчунин, дар давоми таълим иштирокчиён бо мавзӯъҳои гуногун оид ба масоили терроризм ва зиддитерроризм шинос шуданд.

Ҷаноби Беллингер қайд намуд,ки курси таълимии «Такмили ихтисоси омӯзгорон» яке аз силсилаи курсҳои омӯзишии Барномаи ёрии зиддитеррористии (АТА) барои соли 2013 ба нақша гирифта буда, бо дастгирии Сафорати  ИМА гузаронида мешавад.  Эшон инчунин ба иштирокчиёни курс барои кӯшишу талошҳои ҳаррӯзаашон дар мубориза алайҳи терроризм изҳори миннатдорӣ намуда, саҳми онҳоро дар таълими муттахассисони нави хадамоти ҳифзи ҳуқуқ қайд намуд. 

Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис дода шудааст.  Он механизми асосии Ҳукумати ИМА баҳри таъмин намудани барномаҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва технология барои давлатҳои ҳамшарики ИМА, ки алайҳи терроризм мубориза мебаранд, мебошад.

Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардустона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро маблағи беш аз 1миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...