Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда миёни сокинони як деҳаи Қирғизистон ва ҷазирақаламрави Ворухи Тоҷикистон муноқиша рух дод.
Бино ба иттилои хабаргузории Cazeta.ru бо такя ба гуфтаҳои сардори Шуъбаи минтақавии корҳои дохилии вилояти Ботканд Арстан Устенов, муноқиша аз он сар задааст, ки дар роҳи самти чарогоҳ сокинони деҳаи қирғизӣ бидуни огоҳии марзбонон ба корҳои таъмир оғоз намуда, шаҳрвандони тоҷик коргарони қирғизро аввал лату кӯб ва сипас ба қаламрави Тоҷикистон меоранд.
Ба иттилои хабаргузории 24.kg, намояндаи ваколатдори нахуствазир дар вилояти Ботканд Жениш Раззоқов изҳор намудааст, ки «муноқиша миёни сокинони деҳаи Оқ-Сой ва Ворух ҳаллу фасл шуда, чор нафар шаҳрвандони ҷароҳатбардоштаи Қирғизистон дар хонаашон муолиҷа мегиранд».
Гуфта мешавад, бар асари муноқиша се нафар шаҳрвандони Тоҷмикистон низ ҷароҳат бардошта, айни замон вазъ дар марз муътадил мебошад.
Тавре дар сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар дода мешавад, муноқишае, ки рӯзи 27 апрели соли равон байни чанд нафар шаҳрвандони ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ва ҷамоати деҳоти Ақсойи ноҳияи Баткенти Қирғизистон барои истифодаи роҳи умумии байни ҷамоатҳои мазкур ба вуҷуд омада буд, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ба таври оҷилӣ пешгирӣ карда шуда, тартиботи ҷамъиятӣ таъмин карда шуд.
Айни замон вазъият дар ин минтақа комилан орому осуда буда, мардум ба кору зиндагии доимии хеш машғул мебошанд.