Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз фаъолияти вазорат дар семоҳаи аввали соли равон натиҷагирӣ шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар ҷаласа мушкилоту проблемаҳо дар самти иҷрои фармони сарвари давлат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» мавриди муҳокима қарор гирифта, ба сардорони Шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои дахлдор оид ба иҷрои Фармони мазкур дода шуд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ҷиҳати таъмин намудани нозирони минтақавӣ бо шароити мусоиди корӣ, аз қабили утоқҳои корӣ, таҷҳизоти техникӣ, воситаҳои алоқа ва ҳамкорӣ бо аҳолӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, қайд кард, ки фармони президенти кишвар аз ҷониби баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо, ба истиснои ноҳияҳои Шаҳринав ва Варзоб то айни замон иҷро нагардида, масъулони шаҳру ноҳияҳо ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд.