Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо сафири Олмон дар Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампф ба муносибати ба итмом расидани мӯҳлати сафирияш дар кишвари мо баргузор гардид.
Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, директори АНМН барои ҳиссаи арзанда ва хизматҳои шоён дар таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҶТ ба хонум Хертрампф миннатдорӣ баён карда, ба саҳми махсуси вай дар ҳамкориҳои судманд миёни Идораи Федералии политсияи криминалии Олмон (БКА) ва Агентӣ дар соҳаи пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баҳои баланд доданд.
Дар навбати худ хонум сафир муҳимияти ҳамкориҳои ду идораро қайд карда, изҳори боварӣ кунониданд, ки дар оянда низ ҳукумати Олмон ҳамкориҳои зичро дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба роҳ хоҳад монд.
Дар хотимаи вохӯрӣ хонум Дорис Хертрампф дар Китоби фахрии Агентӣ барои меҳмонони олиқадр фикру андешаҳои худро иброз намуд.