Ҳавопаймои «Боинг-737»-и ширкати ҳавопаймоии
«Тоҷик Эйр»
, ки субҳи имрӯз аз фурудгоҳи Домодедово ба Хуҷанд раҳсипор шуда, бинобар ҳолати ғайримунтазира дар вақти муқаррарӣ фуруд омада натавонист, соати 09:57 дақиқа бидуни мушкилот ба майдони ҳавоӣ фуруд омад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти диспетчерии Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд хабар доданд, зимни нишаст ҳеҷ мушкилоте рӯйи кор наомада, барои расонидани кӯмак ба мусофирону ҳайати халабонон ҳеҷ зарурате пайдо нашудааст. «Ба истифодаи кӯмаки гурӯҳҳои хадамоти оташнишонӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ зарурате пайдо нашуд», – гуфтанд дар фурудгоҳ.
Қобили зикр аст, ки ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» барои масраф кардани сӯзишворӣ муддати се соат дар фазои шаҳр парвоз намуд. Ба иллати кафидани шинаи шассии пояи тарафи рост ҳавопаймо имкони фуруд омаданро надошт. Дар ҳавопаймо 83 нафар мусофирону ҳайати халабонон қарор доштанд.