Дар анбори захираи сабзавоти шаҳри Екатеринбурги Русия муноқишаву занозании дастаҷамъонаи тоҷикону озарбойҷониҳо ба вуқӯъ пайваст.
Бино ба иттилои хабаргузориҳои Русия бо истинод ба мақомоти пулиси маҳаллӣ, иштирокчиёни муноқиша бо яроқи оташфишон, корд ва дигар лавозимоти ҳуҷум мусаллаҳ будаанд.
Гуфта мешавад, яке аз дарафтодагон бо истифода аз таппончаи ҷароҳатдеҳ чанд нафарро аз дасту по захмӣ карда, беш аз 30 нафар иштирокчиёни муноқиша боздошт ва ба шуъбаи пулис мунтақил шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки муноқиша ангезаҳои миллатгароӣ ва ҷиноӣ надошта, сабаби он ҷанҷоли фурӯшандагон бо боркашонон барои ҷойи фурӯши сабзавоту мева будааст.
Сардори мақомоти пулиси вилоят гуфтааст, миёни ҷабрдидагон ҳам тоҷикону ҳам озарбойҷониҳо ҳузур дошта, онҳо ба яке аз бемористонҳои шаҳр фиристода шудаанд.